Чорабинӣ дар Пекин ба ифтихори ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон

07.04.2017(08:44)

21 марти соли ҷорӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар яке аз обрӯмандтарин толорҳои фарҳангии шаҳри Пекин – осорхонаи Ҷинтай ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли ҷавонон дар Тоҷикистон чорабинии пурмазмуну бошукуҳе доир намуд.

Дар чорабинии мазкур тақрибан 200 нафар аз Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, дигар вазорату идораҳо, донишгоҳҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимон ва дигар нафарони аҳли зиё, ширкатҳо, инчунин намояндагони шабакаҳои телевизионӣ, радиошунавоӣ ва дигар васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон, сафирони амалкунанда ва кормандони сафоратҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон дар Чин, донишҷуёни тоҷик аз шаҳрҳои Пекин, Урумчӣ ва Тинзини Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок доштанд.

Ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва ҳамватанон дастурхони ҳафт сину ҳафт шин, намоиши сузанию гулдузиҳо ва дигар ҳунарҳои дастӣ, атлас, асбобҳои мусиқӣ, сару либоси мардонаю занонаи минтақаҳои гуногуни кишвар ва мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ки ба фазои идонаи чорабинӣ шукуҳу шаҳомати иловагӣ бахшиданд. Меҳмононро берун аз дари даромад писару духтарони тоҷик бо сару либоси миллӣ қабул ва гусел менамуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин дар бораи байналмилалӣ шудани ҷашни Наврӯз, дар саросари дунё бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардиданаш ва маъною фазилатҳои он сухан гуфта, ҳозиринро бо ин ҷашн муборакбод намуд. Сафири Тоҷикистон аз иқдоми наҷибу саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Тоҷикистон ва сиёсату нақшаҳои кишвар дар ин самт ёдовар шуда, ҷавононро ба тақвият додани тифоқӣ, ватанпарварӣ, давом додани дӯстию таҳамулпазирӣ, хондану илмомӯзӣ, ҳушёрию зиракӣ, дода нашудан ба ҳар гуна иделогия ва ҳаракатҳои номатлуб даъват намуд.

Аз ҷониби донишҷуёни тоҷик аз шаҳрҳои Пекин, Тинзин ва Урумчӣ, ки махсус барои таҷлили ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонони Тоҷикистон даъват шуда буданд, инчунин бо иштироки яке аз овозхонони номдори Чин – тоҷики муқимӣ Охуник, ки ба табрики тоҷикон омада буд, барномаи фарҳангӣ иборат аз сурудхонию рақскунӣ ва базми шеър тартиб ва намоиш дода шуд, ки табъи меҳмонон ва ҳамватанонро болида гардонда, онҳоро ба сайри диёри зебоманзару фарҳангпарвари Тоҷикистон бурд.

Баъд аз барномаи фарҳангӣ меҳмонон ва ҳамватанон ба дастурхони пурнозу неъмати тоҷикона иборат аз самбуса ва дигар пухтаниҳои хонагӣ, оши палов ва таомҳои гуногуни болаззат, суманак, дигар шириниҳо ва меваҳои тару тоза даъват шуданд.