Ҷуроббофӣ

26.08.2016(14:24)

ҶУРОБ, ҷураб, як навъ попӯшии маъмулан пашмин (ё пахтагин)-и халқҳои Осиёи Миёнаро гӯянд. Ҷуробро аз қадимулайём тоҷикони кӯҳистон, аз ҷумла, Помир дар рӯзҳои тӯй, ид ба меҳмон тӯҳфа мекарданд, ки ин анъана то имрӯз давом дорад. Ҷуроб аз қисми соқ, пошна ва пешпанҷа иборат аст. Ҷуробҳоро ҳар бофанда мувофиқи завқу маҳораташ гулпарто карда мебофад. Инкишофи санъати амалии халқ хелҳои гуногуни ҷуробро ба вуҷуд овардааст: гули садбарг, ситора, байрақ, ракета, рах-рах, баргак ва ғайра.
Сохти ҷуроб ду хел аст: мӯзаҷуроб (дароз) ва ҷуробак (кӯтоҳ, асосан бо туфли мепӯшанд). Бофанда пеш аз он ки ба кор сар кунад, пешакӣ нусхаи дилхоҳашро ба рӯи коғаз кашида, ҳисобу китоб карда баъд аз рӯи он нусха ба бофтан шурӯъ менамояд.
         Ду тарзи бофтани ҷуроб вуҷуд дорад: яксиха ва панҷсиха, масалан, мӯзаҷуроби нусхааш рах-рахро ба таври панҷсиха, яъне ба ҳар ду сих 60-тогӣ ҳалқабофӣ гузошта мебофанд. Ҳалқабофтаҳоро ба 4 сих баробар (15-тогӣ) тақсим карда, ба гирдбофӣ шурӯъ мекунанд: ду ҳалқабофт чап, ду ҳалқабофт рост то 4 см мебофанд. Минбаъд ҳамин хел, вале бо риштаҳои гуногунранг рахҳои 4 сантиметриро то қисми пошна давом медиҳанд. Дарозии қисми соқи мӯзаҷуроб то пошна бояд 30-40 см бошад. Бофтани қисми дигари ҷуроб пошна аст. Ҳалқабофтҳои ду сихро (30-то) якҷоя карда, пушти пошнаро 5 см мебофанд. Ду сихи дигарро то бофтани пушти пошна ба соқи ҷуроб маҳкам мекунанд, то ки халал нарасонад, 5 см бофта, пошнаро ба 3 қисми баробар тақсим мекунанд. Қисми мобайниро бофта истода, дар охири ҳар қатори тарафи рости ҷуроб яктогӣ ҳалқабофтҳоро аз қисмҳои паҳлӯгӣ (1-3) якҷоя гирифта мебофанд. Бофтанро то тамом шудани гиреҳ бофтҳои паҳлӯгӣ (1-3) давом медиҳанд. Дар охир дар сих ҳамагӣ бояд 10 ҳалқабофта монад. Баъди бофта шудани пошна ба бофтани қисми сеюми ҷуроб – пешпанҷа сар мекунанд. Барои ин бояд аз ду тарафи пошна 15-тогӣ ҳалқабофӣ гирифта ва ҳамроҳи он ду сихе, ки ба соқи ҷуроб маҳкам шуда буд, чун пештара ба бофтан сар мекунанд. Пеши ҷуробро барои танг кардан, аз ду тараф ҳалқабофтро кам менамоянд. Ҳоло хелҳои нави ҷуроб асосан дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.
         Ҳунари бофтани ҷуроб. Дар байни мардуми тоҷик ҷуроббофӣ дар Бадахшон хеле устувор ва маъмул аст. Аз ин рӯ, дар урфияти тоҷикон ибораи “ҷуроби помирӣ” хеле машҳур аст. Ин навъи ҷуроб пашмин буда, хеле серрангу пурнақш аст. Дарозии ҷуробҳои помирӣ то зонуанд. Барои як ҷуфт ҷуроби занона 100-120 г, мардона – 120-150 г ва бачагона – 70-80 г ресмони пашмин зарур аст (агар ҷуроб нақшдор бошад, сарфи ресмон зиёдтар мешавад).

         Ҳисоби ҳалқаҳо. Пешакӣ андозаи гирди буҷулаки пойро чен карда (дар мисоли мо – 23 см), мувофиқи намунаи нақши ҷуроб (ғайр аз нӯгостин) зичии бофтро муайян мекунанд, (масалан, 3 ҳалқа=1 см, сихҳои 2, 5) ва миқдори ҳалқаҳои барои саршавии кор зарурро ҳисоб мекунанд: ҳалқаХ23 см=69 ҳалқа. Ин миқдорро (69) то ҷуфтшавӣ афзуда, ба 4 сих баробар тақсим мекунанд (бе бақия бошад, боз беҳтар). Дар мисоли мо 72 ҳалқа ба 4 сих 18 – ҳалқагӣ тақсим мешаванд (андозаи ҷуроб 36-37).
         Оғози кор. Ин 40 ҳалқаро ба 2 сихи якҷоя андохта, як сихро кашида мегиранд ва як қатор резинкаи 1Х1-ро сахт бофта, 40 ҳалқаро ба 4 сих бо чунин тарз тақсим мекунанд: ба сихи 1-ум 10 ҳалқаи аввалро бофта, бо сихи 2-юм боз 10 ҳалқаи дигарро мебофанд, сипас бо сихи 3-юм 10 ҳалқа ва дар охир бо сихи 4-ум 10 ҳалқаи боқимондаро мебофанд. Бо ҳалқаҳои сихи 1-ум сӯзанак мезананд ё бо ресмони ранга медӯзанд: минбаъд ин сих ҳамчун нишона мемонад. Ресмони боқимондаро бо ресмони корӣ якҷоя мебофанд, ҳалқаи канорӣ намемонад, ҷулоҳӣ гирдогирд давом меёбад.
         Аз тарафи рост ба тарафи чап аз тарафи берунии давра 4-5 см резинкаи 1Х1 мебофанд. Резинкаро бо ҷулоҳии тарзи ҷуробӣ 5 см (то буҷулаки пой) мебофанд. Сипас ба ҷулоҳии пошна мегузаранд.
         Бофтани пошна. Бофтанро ба 2 қисм ҷудо карда, ҳалқаҳои 2 сих – сихҳои 3-юм ва 4-умро мебофанд (ҳалқаҳои сихи 1-ум ва 2-юмро барои бофтани пошна истифода намебаранд).
         Барои осон шудани кор аввал ҳалқаҳои ду сихро дар як сих мебофанд (аз 3-юм ва 4-ум), баъд ба тарзи ҷуробӣ порчаи рост баландии пошнаро мебофанд.
         Баландии пошнаро чунин муайян мекунанд. Миқдори ҳалқаҳои канории матои бофтаистода бояд ба миқдори ҳалқаҳои яке аз сихҳо баробар бошад (дар мисоли мавҷуда бояд 10 ҳалқаи канорӣ бошад). Сипас, бофтанро бо қатори ҳалқаҳои роста хотима медиҳанд. Ҳалқаҳоро акнун бояд кам кард. Барои ин ҳалқаҳои канориро низ ба назар гирифта, ба 3 қисми баробар тақсим мекунанд (агар ҳалқаи зиёдатӣ монад, онро ба сихи мобайнӣ ҳамроҳ мекунанд). Дар айни ҳол ҳалқаҳоро чунин тақсим мекунанд: 6-ҳалқагӣ дар канорҳо ё паҳлӯҳо, 8 ҳалқа дар мобайн.
         Қатори 1-ум (тарафи чаппаи матоъ) – ҳалқаҳои чаппа: 6 ҳалқаи паҳлӯи 1-умро бофта, баъд ҳалқаҳои мобайниро ба ғайр аз ҳалқаи охирин мебофанд. Ҳалқаи охирини мобайниро якҷоя бо ҳалқаи паҳлӯи 2-юм якҷоя ҳалқаи чаппа мебофанд (5 ҳалқаи паҳлӯи 2-юм нобофта мемонад). Бофтанро баъди рӯгардон кардан давом медиҳанд.
         Қатори 2-юм (тарафи ростаи кор) – ҳалқаҳои роста: ҳалқаи охиринро сахт кашидан лозим аст ва минбаъд ғайр аз ҳалқаи охир, ки он бо ҳалқаи ҳамшафати қисми 1-уми тарафи паҳлӯ аз пушт ҳалқаи рост бофта мешавад, мебофанд.
         Қатори 1-ум ва 2-юмро, то вақте ки тамоми ҳалқаҳои паҳлӯӣ бо ҳалқаҳои канории қисми мобайн бофта нашаванд, мебофанд. Дар сих танҳо бояд ҳалқаҳои мобайнӣ (8 ҳалқа) боқӣ монад.
Эзоҳ: барои он ки пошна бардошттар шавад ва зуд надарад, бо ресмони пашмин ресмонҳои капрон ва дигар нахҳои синтетикиро якҷоя истифода мебаранд. 

Китоби “Ситораи думдор”
Дар ин интишорот муаллифи он санъатшинос Парпишо Қиматшоев маълумот роҷеъ ба ҷуробҳои помириро ҷамъоварӣ ва бештар аз 70 намуди онҳоро ба бинанда муаррифӣ намудааст. Ба гуфтаи ин таҳқиқотчӣ  бонувони бадахшонӣ ҳангоми бофтани ҷуроб бештар аз 150 намуди нақшу нигорро истифода кардаанд ва асотирҳо марбут ба осмон, моҳу ситораҳо ва худи табиат манбаъи илҳомашон будааст.
         Ҷуробҳои бадахшонӣ, ки сараввал чун воситаи ҳифозат аз сармои шадиди минтақа пайдо шудаанд, пасон тавассути завқи зебоипарастӣ ва маҳорати дастони нозук ба василаи ороишӣ табдил шудаанд ва алҳол бо камоли майл сайёҳони дохилу хориҷи кишвар онҳоро савғотӣ мебаранд.
Вай изҳор дошт, ки ҷуробҳои помирӣ се хел мешаванд. Якеашон, кӯтоҳ ва ё пояфзолҷуроб ном дошта, барои пӯшидан ва тӯҳфа намудан қулай буда, маҳсулоти асосии бонувони ҷуроббоф дар рӯзҳои мо маҳсуб мешаванд. Дар рафҳои бозор хели дигари ҷуробҳоро, ки то зону мерасанд, дидан мумкин аст. Аммо навъи савуми ҷуробҳо, ки то миёнро мепӯшонанд, танҳо бо фармоиш тайёр мешаванд ва онҳоро одатан шикорчиён ва чӯпонон истифода мекунанд.
         Дар ҳамин ҳол, ҷуробҳои помирӣ алҳол ба манбаи даромад барои бархе аз қишрҳои ҷомеа табдил ёфтаанд.
         Қимматшо Парпишоев мегӯяд, ки тибқи анъана ҳар як бонуи бадахшонӣ салиқаи  ҷуроббофӣ дорад, аммо ҷуробҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати сифат ва  нақшу нигор куллан фарқ мекунанд ва онҳо маҳсули дастони ҳунармандони касбӣ мебошанд ва чун намунаи санъат пазируфта мешаванд.