Пан Ги Мун: «Ман пешгомӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди мақсади рушди устувор оид ба об ва беҳдошт дар ҷаҳон дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунам»

09.08.2016(15:33)

«Ман пешгомӣ  ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати пешбурди мақсади рушди устувор оид ба об ва беҳдошт дар  ҷаҳонро  дар сатҳи баланд арзёбӣ  мекунам»,- гуфта шудааст дар барқияи табрикотии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, ки онро муовини Дабири кулли СММ Гян Чандра Ачария дирӯз ба иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ироа намуд.
Дар барқияи табрикотии Дабири кулли СММ ҳамчунин омадааст: «Дар барномаи рушди устувор зикр гардидааст, ки дастрасии  ҳамагон ба хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла ба обу беҳдошт таъмин карда хоҳад шуд. Дар  амал пиёда намудани ин нақша муносибати ҳамаҷонибаи ба принсипҳои ҳуқуқи  инсон асосёфтаро тақозо менамояд. Ҳадафи шашуми рушди устувор умеду орзуҳои  ҷомеаи ҷаҳониро ба як  экосистемаи солим барои ояндаи босубот ифода мекунад».
Муовини Дабири кулли СММ Гян Ачария зимни суханрониаш ба  Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон  барои ташаббуси саривақтӣ  оид ба  масъалаҳои об  изҳори сипос намуд.
Хотиррасон мекунем,  ки Симпозиуми байналмилалӣ имрӯз кори худро идома хоҳад дод. Дар он намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои об метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ  иштирок доранд.
Дар маҷмӯъ, дар ин Симпозиум зиёда аз 700 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра  ширкат меварзанд.

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.