Вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин

23.05.2016(11:02)

23 майи соли 2016 дар Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин   Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Дар рафти суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, илмию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобилаи хосси муносибатҳои ду кишвар баргузор гардид.