Дар Вухан 55 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд

27.01.2020(17:55)

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин иттилоъ медиҳад, ки айни замон дар шаҳри Вухани музофоти Хубэй, ки маркази пайдоиш ва паҳншавии коронавируси шакли нав мебошад, 55 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии музофоти Хубэй мебошанд, ки бо Сафорат дар тамос шудаанд ва ё дипломатҳои тоҷик тавассути WeChat бо онҳо алоқа барқарор намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки миёни беморони коронавируси шакли нав шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Ҳукумати Чин барои пешгирии паҳншавии беморӣ тамоми чораҳоро дида истодааст. Сафорати Тоҷикистон бо мақомоти давлатии марбутаи Чин дар тамоси доимӣ буда, ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маркази пайдоиш ва паҳншавии беморӣ қарор доранд, дар доираи имкониятҳо мадад расонида истодааст.