Муаррифии оғози намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Чин

10.01.2020(13:03)

Бо ташаббуси China Film Group Corporation аз 10 январи соли 2020 дар 44 кинотеатрҳои Чин намоиши филми коргардони тоҷик Носир Саидов “Оинаи беҷило” ба роҳ монда мешавад.

Дар ҳамойиш, ки бахшида ба маросими муаррифии оғози намоиши филмҳои тоҷикӣ дар шаҳри Пекин доир гардид, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” “Оинаи беҷило” роҳи кинои тоҷикро ба бозори синамои Чин боз намуд. Ин нахустин филми тоҷикӣ мебошад, ки пас аз баргузории Фестивали байналмилалии синамои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндао (2018) дар саросари Чин ба намоиш гузошта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир дар ҳошияи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” синамо ба як ҷузъи муҳими табодули фарҳангӣ миёни кишварҳои Роҳи бузурги абрешим табдил ёфтааст. Дар доираи ин ҳамкориҳо чанд сол қабл дар кинотеатрҳои Тоҷикистон филмҳои чинӣ, аз ҷумла «Афсари бузург», «Дар Тайланд роҳгумзадаҳо» ва «Устоди бузург» ба маърази намоиш гузошта буданд.

Соли 2019 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Раёсати давлатии кинематографияи Чин дар соҳаи истеҳсоли кино созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.