Мусобиқаи футбол дар Пекин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.11.2018(11:18)

24 – уми ноябри соли 2018 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷуёни тоҷикистонии шаҳри Пекини Чин мусобиқа оид ба футбол баргузор карда шуд.

Мусобиқа бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода Парчами давлатиро рамзи давлатдорию ватанпарастӣ ва мояи ифтихори ҳар як фарди бонангу номуси кишвар маънидод карда, ҳозиринро бо ин санаи ҷашнӣ табрик намуд. Сипас корманди Сафорат ба ҳозирин матни Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳозирин ироа намуд.

Бо иштироки чор дастаи донишҷуёни тоҷикистонии донишгоҳҳои шаҳри Пекини Чин дар фазои дӯстию ҷашнӣ 8 бозӣ гузаронида шуданд.

Дар фарҷом Сафир Парвиз Давлатзода чорабиниро ҷамъбаст карда, дастаҳои ғолиб, фаъолони мусобиқа ва довар бо акси арҷгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон ба Парчами давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷом, ҷоизаҳо ва медалҳо, аз ҷумла барои “Ҷойи якум”, “Ҷойи дуюм”, “Дарвозабони беҳтарин”, “Бозингари беҳтарин”, “Зарбазани беҳтарин” қадрдонӣ гардиданд ва ба ҳар як иштироккунандаи мусобиқа нишони сарисинагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Барои иштироккунандагони мусобиқа хӯрок ва дигар пухтаниҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.