Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар чорабинии“Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад”

22.10.2018(14:48)

21 октябри соли 2018 Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи “Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад” иштирок намуд.

Ин чорабинӣ ҳамасола дар фасли тирамоҳ бо ибтикори ҳамсари узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И – хонум Тсян Вэй доир мегардад, ки дар он намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Пекин, ширкатҳои бонуфӯзи чинӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Дар намоишгоҳи байналмилалии мазкур, дар гӯшаи муаррифии Тоҷикистон, ки Сафорат таъсис дода буд, дар баробари хӯроку шириниҳои миллии тоҷикӣ, асбобҳои мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳо дар бораи таърих ва фарҳанги тоҷикон ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Боиси хурсандист, ки ҳамсари узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И – хонум Тсян Вэй ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ҳангоми сӯҳбати кӯтоҳ бо роҳбари намояндагии дипломатӣ Парвиз Давлатзода дар амри иштирок дар ин иқдоми башардӯстона ба Сафорат изҳори сипос намуданд.

Дар намоишгоҳ беш аз 88 намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Пекин, ширкатҳои бонуфӯзи чинӣ ва байналмилалӣ ширкат доштанд ва маблағи дар он ҷамъомада ин бор дар сохтмони купрукҳо дар яке аз деҳоти музофоти Гансу мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.