Мулоқоти Сафир бо Муовини якуми губернатори музофоти Хубэй

20.10.2018(11:36)

19-уми октябри соли 2018 мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Муовини якуми губернатори музофоти Хубэй Хуан Чупин доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушд ва тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини якуми губернатори музофоти Хубэй Хуан Чупин аз ташрифи ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Вухан ва иштирок дар Форуми байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи иқтидорҳои истеҳсолии минтақаҳои марказии Чин ва Мулоқотҳои кории соҳибкорон изҳори сипос намуд ва дар бораи музофоти Хубэй маълумот дод.

Сафир Парвиз Давлатзода, аз даъвати Ҳукумати музофоти Хубэй изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки музофоти Хубэй бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуби иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ монда, ширкатҳои Хубэй дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Сафир таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар сатҳи ниҳоят хуб қарор дошта, ба туфайли талошҳои пайвастаи онҳо муносибатҳои миёни ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бароварда шуданд.

Мулоқоти судманди сарони кишварҳои мо дар Чингдао ва аввалин сафари Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Ли Кэтсян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ сермаҳсул буданд ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар, хусусан дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ такони тоза бахшиданд.

Парвиз Давлатзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, бо музофоти Хубэй дар бахши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоягузорони Хубэй ба соҳаҳои иқтисод, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, таъсиси корхонаҳо, шаҳракҳои саноатӣ, истифодаи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ҳамкории қавиро ба роҳ монад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла ширкатҳои чинӣ таҳти фазои хуби сармоягузорӣ, дастгириҳои сиёсӣ ва фазои амниятӣ фаъолият менамоянд. Пешбурди сиёсати муносиботи неки ҳамҷавории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя низ ба рушди ҳамаҷонибаи ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар мулоқот аз ҷониби Чин ҳамчунин Муовини котиби Ҳукумати музофоти Хубэй, Муовини Раиси Идораи рушд ва ислоҳоти Хубэй ва Раиси Ширкати байналмилалии машваратии «Хуахе» иштирок намуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода, Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид рӯзҳои 18-20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Вухани музофоти Хубэй дар Форуми байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи иқтидорҳои истеҳсолии минтақаҳои марказии Чин ва Мулоқотҳои кории соҳибкорон иштирок намуд.

Форуми мазкур бо мусоидат ва дастгирии Шӯрои давлатӣ, Ҳукумати мардумии музофоти Хубэй, Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳот, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тиҷорат, Палатаи умумичинии саноат ва савдо ва Палата оид ба мусоидат ба рушди савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил гардид.