Мулоқоту музокироти байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

16.10.2018(05:30)

Имрўз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикстону Чин бо иштироки сарвазирон ва намояндагони ҳарду кишвари дўст баргузор гардид.

Мулоқоту музокироти байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нахуст бо мулоқоти хосаи  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян оғоз гардида, дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мавриди  таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сипас кори ҷаласа дар ҳайатҳои васеъ идома ёфт. Таъкид гардид, ки натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба дар солҳои охир  омили муҳими тақвиятбахши ҳамкории гуногунҷанбаи байниҳукуматӣ гардида, аз татбиқи сиёсати бобарори хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин шаҳодат медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои байниҳукуматии ду кишварро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, гумрук, фарҳан ва илму маориф мавриди муҳокима қарор дода,  аз вазъи имрўзаи муносибатҳои байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматӣ як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла:

-Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2020;

-Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавасмандгардонии ҳамкории корхонаҳои хурду миёна миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани кўмаки бебозгашт;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ;

-Созишнома оид ба роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тайюани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуданд.

Пас аз мулоқоту музокироти байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсиян барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории мутақобилан судмандро роҳандозӣ намуда, дар бахшу соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сафарҳои расмӣ ва давлатии роҳбарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин анҷом дода шуданд, ки дар таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ нақши муассир доранд.

Тоҷикистону Чин ҳамкориро ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба дар доираи созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида, дар роҳи таҳкими муносибатҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.

Зимни нишасти хабарӣ  ҷонибҳо ҳамкории байниҳукуматии дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳим арзёбӣ намуда, аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳо, аз ҷумла, дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсиян аз истиқболи самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Созишномаҳои ҳамкорӣ, ки дар натиҷаи ин сафари расмӣ ба имзо расиданд фарогири бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ буда, иҷрои онҳо барои ҳарду ҷониб манфиатовар арзёбӣ карда шуд.

Ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай низ муҳим арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки созмони мазкур барои тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ фазои мусоидро фароҳам овардааст.