ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ИСТИҚРОРИ МУНОСИБАТҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ БАЙНИ ДУШАНБЕ ВА ЧИНДАО

18.09.2018(13:59)

Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри  Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси  шаҳр ҷаноби Менг Фанли, ки бо сафари корӣ ба пойтахти  кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни мулоқот саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба  махсус таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва чалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  аҳамияти ҷиддӣ доданд.

Қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Чиндао бахшида шуд.

Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, “пойтахти синамо ва олимпиада”, маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.

Чиндао бо зиёда аз 700 бандарҳои ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар формати бародаршаҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои  Ҷумҳурии Мардумии Чин ақд гардид.

Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Раиси шаҳри Чиндао  Менг Фанли имзо карданд.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчи (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин (21 августи соли 2017) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.