Донишҷӯёни Чин дар Пекин омӯзиши забони тоҷикиро оғоз намуданд

13.09.2018(13:33)

    Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таблиғи забони тоҷикӣ дар соли нави таҳсил гуруҳи якуми донишҷӯёни Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин омӯзиши забони тоҷикиро оғоз намуданд.

        Оғози омӯзиши забони тоҷикӣ ва дар фурсатҳои наздик ифтитоҳ ёфтани “Маркази омӯзиши Тоҷикистон” дар ин мактаби олии Чин аз  афзоиши ҳавасмандии ҷомеаи Чин ба забони тоҷикӣ, фарҳанг, таърих ва рушди Тоҷикистони муосир гувоҳӣ медиҳад.

        Ин рӯйдоди муҳим ба рушди ҳамкориҳои гуманитарии робитаҳои накуҳамсоягии Тоҷикистону Чин мусоид хоҳад намуд.