Дар Пекин муаррифии китоби “Тоҷикистон” баргузор гардид

12.09.2018(10:04)

Рӯзи 11 сентябри соли 2018 дар шаҳри Пекин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии нашри нави китоби “Тоҷикистон” бо забони чинӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби Нашриёти адабиёти илмҳои ҷамъиятишиносии Чин чоп шуда аст.

Чорабинӣ бо ташаббуси Институти Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар он ҳайати кормандони Сафорат бо роҳбарии Сафир Парвиз Давлатзода, Директори Институти зикршуда Сун Ҷуанҷи, муовини директор Сун Ли, муаллифи китоб Лю Чиюн, инчунин дигар коршиносон ва таҳлилгарони Институт иштирок намуданд.

Китоби “Тоҷикистон” аз ҳашт боб иборат буда, тамоми соҳаҳои фаъолияти кишварро дар бар мегирад. Дар он маводи иттилоотӣ оид ба Тоҷикистон, таърихи Тоҷикистон аз замонҳои қадим, ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ, рушди иқтисодӣ, тақвияти соҳаи мудофиа ва фаъолияти сиёсати хориҷии кишвар оварда шудаанд.

Директори Институт Сун Ҷуанҷи, муовини директор Сун Ли ва муаллифи китоб Лю Чиюн зимни баромади худ дар чорабинӣ, нақш ва мавқеи Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо Чин баланд арзёбӣ карда, оид ба тағйиротҳои ҷиддии дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон ба вуқуъпайваста, кӯшишҳои пайвастаи мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пойдорсозии истиқлолият ва таъмини рушди кишвар суханронӣ намуданд. Онҳо инчунин таваҷҷуҳи калони сокинони Чин ба Тоҷикистонро, ки сабаби нашр намудани ин китоб гардидааст, қайд намуданд.

Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дар рафти баромад худ дар чорабинӣ, ба муаллиф барои китоби эҷоднамудааш изҳори миннатдорӣ баён намуда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии рушди кишвар дар даврони истиқлолият, пешравиҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар, инчунин оид ба тамоюли мусбии рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ суханронӣ кард.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён оид ба нашри нави китоби “Тоҷикистон” ақидаи ягона изҳор намуданд, ки он натиҷаи муҳими ҳамкории Тоҷикистону Чин ба шумор меравад ва бешубҳа дониши мардуми Чинро дар бораи Тоҷикистон бештар гардонда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки мардумони ду кишвар мусоидат менамояд.