Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

10.09.2018(13:15)

10 сентябри соли 2018 ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода баргузор гардид.

Дар рафти нишасти матбуотӣ Сафир роҷеъ ба натиҷаҳои асосии рушди Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, навовариҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дастовардҳо дар сиёсати хориҷии кишвар изҳори назар намуд.

Сафир ба суботи сиёсӣ, муттаҳидшавии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, натиҷаи иродаи қавӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

П Давлатзода қайд намуд, ки барои нигоҳдории рушди босуботи иқтисодӣ дар кишвар чораҳои қатъии маъмурӣ андешида шудаанд. Ӯ таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори оммаро ба он ҷалб намуд, ки тули понздаҳ соли охир афзоиши миёнасолаи рушди ММД дар Тоҷикистон дар сатҳи 7% нигоҳ дошта шудааст. Тибқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ, Тоҷикистон миёни нӯҳ кишвари ҷаҳон, ки соли гузашта сатҳи аз ҳама баланди рушди иқтисодиётро ба даст оварданд, қарор дорад.

Сафир ҳамчунин ба ҳозирин иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли 2018 ММД Тоҷикистон ба 7,2% афзоиш ёфтааст, ки аз соли 2000 инҷониб назаррас мебошад ва кишвар қотеона талош хоҳад варзид, то суботи иҷтимоӣ-иқтисодиро нигоҳ дорад ва барои ба даст овардани рушди ММД зиёда аз 7% кушиш намояд.

Сафир П. Давлатзода ба он ишора намуд, ки ин талошҳои Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, эътирофи нисбатан хоксоронаи байналмилалиро соҳиб гардиданд. Ҳамин тавр, Бонки Умумиҷаҳонӣ рушди ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 ба 6,1%, Бонки Рушди Осиё дар соли 2018 ба 6% ва дар соли 2019 ба 6,5% пешгӯи намудаанд, ҳол он ки нишондиҳандаи миёна барои минтақаи Осиёи Марказӣ 3,9% арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ба шарофати хизмати аҳлонаи халқ ва заҳмату талошҳои миллати тоҷик се ҳадафи стратегии миллии кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз сиёсати “дарҳои кушода” дар фаъолияти сиёсати хориҷии кишвар ёдовар шуда, рушди батадриҷи муносибатҳои Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳою иттиҳодияҳои байналмилалӣ қайд намуд. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои бисёрҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ номбар шуд.

Дар ин радиф Сафир ба сафарҳои якуми давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муносиботи ду кишвар ва мардумони дӯсту ҳамсоя “давраи тиллоии нав”-ро кушоданд, таваҷҷуҳи хоса намуд.

Сафир П. Давлатзода ҳамчунин ба намояндагони васоити ахбори омма аз татбиқи бомуваффақонаи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла раисии кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, аз Чин ба Тоҷикистон гузаштани раисӣ дар Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ёдовар шуда, инчунин оид ба раванди омодагиҳои кишвар ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 28 сентябр ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ             12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон маротибаи якум дар таърихи МҲТБО раисиро дар ин Форум ба зимма дорад ва консепсияи кори он имрӯзҳо аз рӯи панҷ самти асосӣ ба роҳ монда шудааст: ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, мубориза бар зидди чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил ва савдои одамон, инчунин  иқтисодӣ, экологӣ ва инсонӣ.

Сафир дар бораи дастовардҳои Чин дар давраи раисӣ дар ин Форуми бонуфуз ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешин ва дастовардҳои Машварат бар он саъй хоҳад варзид, ки фаъолияти МҲТБО-ро бо муҳтавои нав баҳри таҳкими сулҳ, субот ва рифоҳ дар минтақа ғанӣ гардонад.

Мавриди зикр аст, ки дар бахши алоҳидаи суханронии худ Сафир ҳамчунин оид ба масъалаҳои равобити Тоҷикистон ва Чин, ки бо рушди батадриҷ фарқият доранд ва сатҳи баланд – шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро касб кардаанд,изҳори назар намуд.

Дар фарҷом Сафир ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба посух дод.