Барқияи табрикотии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

08.09.2018(11:24)

Дар арафаи фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва инчунин мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро изҳор намоям.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро муваффақона интихоб намуд, ки ин мутобиқ ба махсусиятҳои миллии кишвар мебошад.  Дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаргардии мунтазами некӯаҳволии мардум ва тақвияти нуфуз ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба назар мерасад. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯсти Тоҷикистон аз ин самимона хушҳол аст.

Дар ҷараёни ҳамоиши СҲШ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдаои Чин баргузор шуд, мо бо Шумо гуфтушунидҳои самаранок гузаронида, оид ба тақвияти ҳамкорӣ миёни давлатҳоямон дар ҳамаи самтҳо ба тавофуқоти муҳим расидем. Ман ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон аҳамияти калон дода, мехоҳам кӯшишҳои муттасили муштаракамонро якҷоя бо Шумо барои ба даст овардани комёбиҳои нав дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи шарикии стратегӣ ба манфиати давлатҳо ва мардумонамон равона намоям.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву қудрат ва ба мардуми он саодату некуаҳволӣ таманно дорам».