Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва тиҷорати Ветнам

04.09.2018(06:47)

30 августи соли 2018 дар шаҳри Ханой Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Парвиз Давлатзода бо Директори генералии Раёсати Европа ва Америкаи Вазорати саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Та Хонг Лин мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда гузашт, ҷонибҳо оид ба масоили мубрами ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникии Тоҷикистону Ветнам ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.

Ин вохӯрӣ дар рафти сафари Сафир Парвиз Давлатзода ба Ветнам ҷиҳати иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 73-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам баргузор шуд.