Муарифии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Лянюнган

09.07.2018(12:15)

Рӯзи 30 июни соли 2018 дар шаҳри Лянюнгани музофоти Ҷиянсуи Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи “Фестивали байналмилалии сайёҳии куҳи Хуагуо ва Конфронси байналмилаль оид ба тиҷорат” бо ташаббуси “Ташкилоти осиёгии фаъолони фарҳангӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони доираҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва тиҷоратии шаҳри Лянюнган, кормандони ҳукумати шаҳри Лянюнган, инчунин намояндагону ҳайатҳои сафоратҳои давлтаҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карданд.

Намояндаи Сафорат ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабинӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати кишвар барои рушди ин соҳа, аз ҷумла ба муносибати соли 2018, ки чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон” эълон гардидааст, маълумот пешниҳод кард. Инчунин навори видеоӣ дар бораи табиат, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғативу сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.