Филми тоҷикии “Сафари ҳавоӣ” ҷоиза гирифт

18.06.2018(15:04)

Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао нахустин Фестивали синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.

Фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати давлатии кинематографияи Чин, Ҳукумати мардумии музофоти Шандун, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Котиботи Созмони ҳамкории  Шанхай  дар сатҳи лозимӣ баргузор шуда, дар он ҳайатҳо иборат аз роҳбарият ва мутахассисони соҳаи синамои 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир ширкат варзиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон, дар маҷмӯъ иборат аз 12 нафар коргардонҳову ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик дар Фестивал иштирок дошт.

 Фестивали мазкур  дар 8 давра доир гардид ва дар он 55 филми беҳтарин аз 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир намоиш дода шуда, аз ҷониби 12 нафар аъзои  ҳайати ҳакамон аз ҳисоби коргардонҳои маъруфи синамои ҷаҳонӣ (аз ҷумла раиси синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фестивал филмҳои коргардон Носир Саидов “Оинаи беҷило” ва “Муаллим”, Румӣ Шоазимов “Хоби маймун”, Далер Раҳматов “Сафари ҳавоӣ”-ро дастовез оварда буд.

Дар маросими пӯшидашавии нахустин Фестивали синамои СҲШ, ки шоми 18 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао доир гардид, филми “Сафари ҳавоӣ”-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов сазовори ҷоизаи  “Махсуси ҳакамон”-и Фестивал гардид.

Филмҳои истеҳсоли коргардонҳои тоҷик аз ҷониби ҳайати ҳакамон, иштирокдорони Фестивал ва тамошобинони чинӣ истиқболи гарму самимӣ ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи Фестивал Телевизиони марказии Чин “CCTV-Русский” дар асоси ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ тасмим гирифт, ки филми коргардони маьруф Носир Саидов “Оинаи беҷилло” ва дигар   филмҳои истеҳсоли “Тоҷикфилм”-ро дар саросари Чин ба намоиш гузорад.

Ҳамчунин, ҷониби чинӣ изҳори омодагӣ намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилотии соҳаи кино тайёр намудани мутахассисони ҷавонро барои кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.