Самити матбуотии СҲШ дар Пекин

01.06.2018(15:08)

1июни соли 2018 дар шаҳри Пекини Саммити якуми воситаҳои ахбори оммаи СҲШ доир гардид. Дар Саммит намояндагони  давлатҳои аъзо, кишварҳои нозир ва шарикони муоламаи СҲШ ширкат варзиданд.

Пайёми табрикоти Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ба унвони иштирокдорони Саммитро аъзои бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, мудири шӯъбаи таблиғоти Ҳизби коммунистии Чин, Хуан Кунмин қироат намуд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи Саммит Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ ҳангоми суханронии худ изҳор намуд, ки дар пешорӯи баргузор гардидани яке аз муҳимтарин чорабинии сол – ҷаласаи навбатии сарони давлатҳо дар формати нав, доир намудани аввалин саммити воситаҳои ахбори омма, аҳамияти хосса дошта, дар оянда ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ мусоидат хоҳад кард ва дар пешбурди ғояҳои Созмон саҳми босазо хоҳад гузошт.