Иштироки Сафир дар 15-умин машварати вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

17.05.2018(16:14)

17-уми майи соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар 15-умин машварати вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Саняи музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар рафти машварат миёни иштирокчиёни он оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва рафти татбиқшавии Созишнома миёни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз 16 августи соли 2007 табодули назар сурат гирифт.

Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.