Иштироки Сафир дар маросими ифтитоҳи “Маркази фарҳангии чинӣ”

07.05.2018(17:54)

5 майи соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода аз Осорхонаи давлатии Гугун (Собиқ қасри императорӣ) боздид ба амал овард ва дар маросими тантанавии ифтитоҳи “Маркази фарҳангии чинӣ”, ки бо ибтикори маъмурияти Ҳамоиши байналмилалии фарҳангии Тайху ва Осорхонаи давлатии Гугун ташкил шуда буд, иштирок намуд.

Дар рафти чорабинӣ ба Сафир Павриз Давлатзода Шаҳодатномаи узви муассиси “Маркази фарҳангии чинӣ” тақдим гардид.

Мақсади фаъолияти Ҳамоиши байналмилалии фарҳангии Тайху аз мубодилаи афкор ва пешниҳодҳои эҷодӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва мусоидат намудан ба рушди муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои хориҷӣ иборат мебошад.