Сайри Наврӯз дар Чин

27.03.2018(16:07)

Бо ибтикор ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 21 то 26 марти соли 2018 дар шаҳри Пекин як қатор чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ баргузор гардиданд.

21 марти соли равон дар шаҳри Пекин Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои созмон, кишварҳои нозир ва шарикони мусоҳибавии он тантанаи наврӯзӣ доир намуд.

Бинобар иштироки фаъолонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷашнвораи имсолаи Котиботи СҲШ низ Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошт. Гӯшаи муаррифии фарҳангу осори миллӣ, китобу мусаввараҳо ва хӯрокҳои лазизи тоҷикон таваҷҷуҳи иштирокдорону меҳмонони ҷашнвораро ба худ ҷалб намуда, дар барномаи консертии он ровии асосӣ ва Маликаи Наврӯз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аз ҳунарнамоии санъаткорони тоҷикистонӣ толор истиқболи гарму самимӣ намуд.

Табрикоти видеоии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин Парвиз Давлатзода дар радифи дигар роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикони мусоҳибавии он дар экрани бузург ба намоиш гузошта шуд, ки дар он паёми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ватани Наврӯз маҳсуб меёбад, садо дод.

23 март дар шаҳраки дипломатии Тайюари шаҳри Пекин тантанаи идонаи муштараки ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шукӯҳ ва ҳашомати баланд доир гардид.

Дар шафати саҳнаи асосии чорабинии мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Кошонаи тоҷикӣ – гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро бо ороиши миллӣ ва фарҳангӣ – дастархони перостаи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, сузаниҳо, либосҳои миллӣ, намунаҳои сангҳо ва зарфҳои сафолӣ, китобу мусаввараҳо бунёд намуд, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии ҳозирин ва меҳмонони ҷашнвора қарор дошт.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳозиринро бо Иди Наврӯз табрику таҳният гуфта, таъкид бар он намуд, ки Наврӯз ҳамчун яке аз омилҳои муҳими Шоҳроҳи Роҳи Абрешим ба таҳкиму рушди муштараки андеша ва равобити фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, Қавфқоз ва Чин мусоидат намудааст ва аз ибтидо, тӯли солҳо, ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию фарҳангии халқҳои минтақа замина гузоштааст. Солҳои ахир, ҷашни зебои Наврӯз дар ҳавзаи кишварҳои минтақа умри дубора ёфта, ҳамчунин қисмати ҷудонопазири ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, моҳият ва мундариҷаи байналмилалӣ пайдо намудааст.

Сафири Тоҷикистон Наврӯзро дар тасаввур ва оини миллати қадимаи тоҷикон ва умуман нажоди ориёӣ иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ маънидод намуда, дар суҳбатҳои хосааш низ аз сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, болоравии  ҳисси худшиносию ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Иди Наврӯз, ки дар меҳвари ин арзишҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд,  ёдовар шуд.

Сипас, дар доираи барномаи фарҳангии наврӯзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон намоиши созу наво ва рақсҳои миллии тоҷикӣ низ баргузор гардид ва ба иштирокчиёну меҳмонон таъомҳо ва шириниҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо барномаи рангини консертӣ санъаткорони боистеъдоди тоҷик Зафар Абдуалимов, Муҳаммадҷон Мирзоев, Фотима ва Зуҳро Худойбердиеваҳо муаррифӣ намуданд.

24 марти соли 2018 дар Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисоди шаҳри Пекин маросими хосаи наврӯзии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин  баргузор гардид.

Дар ин тантанаи бошукӯҳи идона намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвари иқомат, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, воситаҳои ахбори омма, инчунин ҷамъиятҳои ҷавонону наврасони тоҷикистонии муҳассили мактабҳои олии Чин ширкат варзиданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  Парвиз Давлатзода нахуст аҳли меҳмонону иштирокдоронро ба тамошои  намоишгоҳи аксу мусаввараҳо оид ба фарҳанги Наврӯз дар Тоҷикистон ва маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ даъват намуд, ки дар долони барҳавои донишгоҳи мазкур ороста шуда буд. Дар ҳошияи ин намоишгоҳ зарфияту имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ, бо истифода аз фурсати муносиб ба маъраз гузошта шуда, расму мусаввараҳо оид ба фарҳанги Наврӯз, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва диёри зебоманзарамон ҳикоят мекарданд.

П. Давлатзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Иди Наврӯз табрику таҳният гуфт. Ӯ аз ҷумла таъкид бар он кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Чинро, ки шарики стратегӣ ва мӯътамади мост, назаррасу пураҳамият арзёбӣ менамояд. Кишварҳои минтақаи мо  қодиранд бо гирифтани илҳом аз суннати Наврӯз рушди равобити судманди худро дар сатҳи сифатан нави ҳамкориву ҳамгироӣ дар тамоми ҳавзаи кишварҳои Наврӯз ва Роҳи Бузурги Абрешим таъмин намоянд.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ аз бунёди муштараки неругоҳҳои барќи обӣ, хаттҳои бузурги интиқоли барқ ва лӯлаи газ, сохтмони як чанд қитъаҳои роҳи оҳани байни минтақаҳои таърихии Авруосиё ва ояндаи хушбини масири роҳҳои транзитии кишварҳои минтақа, ки дар ҳошияи ташаббуси умумиҷаҳонии “Як камарбанд, як роҳ” роҳандозӣ хоҳанд шуд,  ёдовар гардид.

Ректори Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисоди шаҳри Пекин Ванг Ҷячёнг низ ҳангоми суханронии худ ба густариши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, бахусус бо таҳсилу тарбия фаро гирифтани донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Чин аҳамияти хоса дод. Ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки миёни донишгоҳ ва Сафорати Тоҷикистон дар ин самт равобити хубу судманд ба роҳ монда шудааст. Айни замон шумораи зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар риштаҳои мухталифи донишгоҳ таҳсили илм доранд.

 Ба меҳмонон ва иштирокдорони тантанаи идона барномаи рангину консертӣ бо иштироки гуруҳи ҳунарӣ аз Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аҳли толор аз базми шеъри тоҷикӣ, ки донишҷӯёни чинитабори Донишгоҳи фарҳанг ва забонҳои Пекин пешкаш намуданд, ба ваҷд омаданд. Ҷавонписарону духтарони чинӣ бо лаҳни зебо ва шеваи ширин шеърҳои наврӯзиро бо забони тоҷикӣ қироат намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ бо мақсади таблиғи фарҳанги хурокҳои миллии тоҷикон ва шиносоӣ бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла “Ҳафт сину ҳафт шин” дастархони наврӯзӣ ороста шуд.

Ёдовар мешавем, ки 25-26 марти соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин Парвиз Давлатзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Урумчӣ ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ низ мулоқот намуда, онҳоро аз номи роҳбарияти кишвар бо Наврӯз табрику таҳният гуфт.

Мавриди зикр аст, ки ба ҳамаи чорабиниҳои наврӯзии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин расонаҳои хабарии ин кишвар таваҷҷӯҳи хоса намуда, онҳоро ба таври васеъ инъикос карданд.