Мусобиқаи футбол дар Пекин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.11.2017(12:27)

25 – уми ноябри соли 2017 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Соли ҷавонон дар варзишгоҳи “Парчами сурх”-и шаҳри Пекин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футбол баргузор карда шуд.

Мусобиқа бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфта, кормандони Сафорат ҳозиринро бо ин санаи ҷашнӣ, ки рамзи давлатдорию ватанпарастӣ ва мояи ифтихори ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад, табрик намуд.

Сипас мусобиқа бо иштироки дастаи Сафорат ва ҳафт дастаи донишҷуёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Пекин шурӯъ шуда, то охир дар ду майдонча 16 бозӣ ҳар кадом 20 дақиқа гузаронида шуд. Мусобиқаро доварон аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ доварӣ намуданд.

Баъд аз ҷамъбаст ба дастаҳои ғолиб ва фаъолони мусобиқа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳо ва медалҳо тақдим гардиданд, аз ҷумла барои “Ҷойи якум”, “Ҷойи дуюм”, “Ҷойи сеюм”, “Дарвозабони беҳтарин”, “Ҳимоятгари беҳтарин” ва “Зарбазани беҳтарин”.

Дар фарҷом барои иштироккунандагони мусобиқа хӯрок ва дигар пухтаниҳои миллӣ пешниҳод гардид.