Иштирок ва презентатсияи Сафири Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ дар Чин

20.11.2017(11:31)

16-17 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Чангшаи музофоти Хинани Чин бо роҳбарии Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин ва Ҳукумати музофоти Хинан Конфронси байналхалқии сармоягузории фаромарзии ширкатҳои Чин-2017 бо ҳузӯри 600 нафар иштироккунандагон баргузор гардид.

Дар доираи Конфронси мазкур аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи захираҳои табии Шанхай Хайчэн (China Global) ва дастгирии бевоситаи Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин, бо мақсади ҷалби соҳибкорон ҷамъомади алоҳидаи махсус вобаста ба муаррифии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар, аз ҷумла рӯнамоии Минтақаи саноатии Тоҷикистон-Чин гузаронида шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар ҷамъомади алоҳидаи махсус вобаста ба муаррифии Тоҷикистон, ки дар он 200 нафар намояндагони ширкатҳои аъзои Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин, роҳбарият ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, тоҷирони хориҷӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд, ширкат карда, бо наворҳои таблиғотӣ ба иштироккунандагон ҷазобат ва имкониятҳои кишварро барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият муаррифӣ намуд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин муовини Директори генералии Иттиҳодияи захираҳои табии Шанхай Хайчэн Ҷанг Ҷиеюан суханронӣ карда, талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорони хориҷиро ҷиҳати беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар кишвар махсус қайд карда, таваҷҷуҳи иштироккунандагонро ҳамчунин ба пойдор будани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва боэътимод будани сармоягузорӣ ва фаъолияти корӣ барои ширкатҳои чинӣ дар кишвар ҷалб намуд.

Дар охири чорабинӣ ширкатҳои чинӣ бо мақсади дарёфти маълумоти бештар дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хоса ба Сафир саволҳои дахлдор дода, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар рафти ин сафар Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳамчунин бо роҳбарияти шаҳри Чангша, роҳбарияти Шӯрои рушди тиҷорати байналмилалии Чин ва Ширкати China Global суҳбатҳои пурмӯҳтаво анҷом дод.