Паёми табрикотии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин ҷаноби Си Ҷинпин

23.10.2017(11:31)

Ба Котиби генералии

Кумитаи марказии

Ҳизби Коммунистии Чин

ҷаноби Си Ҷинпин

Муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ,

   Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва ҳамаи аъзои Ҳизби Коммунистии Чинро бо оғози кори Анҷумани XIX сидқан табрик менамоям.

   Муваффақиятҳои асарбахши Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, болоравии эътибори байналмилалии кишвар, пеш аз ҳама, таҳти роҳбарии сиёсии ҲКЧ ба даст омадаанд.

   Мо дар Тоҷикистон барои мардуми Чин ва кишвари ӯ, ки онро ҳамчун шарики муҳимтарини худ дар маҳруки рушди муштарак медонем, самимона хурсанд ҳастем.

   Сатҳи баланди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чинро бо қаноатмандӣ қайд намуда, мо саршори қатъият дар рушд намудан ва таҳкими онҳо дар чорчубаи муносибатҳои стратегии ҳамаҷониба ба манфиати мардумони ҳарду кишвар, сулҳ ва субот дар минтақа мебошем.

   Ба ин, бешубҳа, густариши ҳамкориҳои байниҳизбӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила мусоидат хоҳад намуд.

   Ба иштироккунандагони анҷумани ҳизбӣ кори самарабахш ва ба тамоми мардуми Чин комёбиҳо ва дастовардҳои навро самимона таманно дорам.

   Бо эҳтиром,

Раиси

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон