КАНДАКОРӢ

26.08.2016(14:57)

КАНДАКОРӢ, усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гач, гил ва ғайра мебошад, ки бо роҳи кандану бурида гирифтан иҷро карда мешавад. Ҳунари кандакорӣ яке аз қадимтарин ва маъмултарин намуди санъати амалӣ аст. Таърихи хеле бузург дорад.