«Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила»

24.02.2016(12:04)

Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ ба муносибати Соли нави чинӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила» базми бошукӯҳ барпо намуданд. Чорабинӣ бо иштироки Сафири фавқулодда ва мухтори ҶМЧ дар Тоҷикистон Юе Бин, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Кумитаи занон ва оила Қосимзода Идигул Тағо ва дигар меҳмонони олимақом иштирок намуданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори ҶМЧ дар Тоҷикистон Юе Бин зикр намуд, ки ин иди анъанавии фонусҳо мебошад. Сафир аз фурсат истифода бурда, ҳама мардуми Чинро бо ин ид табрик намуда, иброз дошт, ки дар ин рӯз чун анъана мардуми Чин бо аҳли оилаи худ дар сари як дастархон ҷамъ меоянд. «Ин Соли нави 2016 барои рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин мусоидати бештар хоҳад кард. Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи мо чун пештара барои рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ густариш меёбанд. Чин ва Тоҷикистон фарҳанги бою ғанӣ доранд ва ин фарҳанг онҳоро мепайвандад»,-илова намуд Юе Бин.
Табрикоту таманниёти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба ҷашни анъанавии «Иди баҳор» ба мардуми бо мо дӯсту ҳамсоя Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба самъи аҳли толор расонид. «ҶМЧ таи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисод ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми кишвари худ ба муваффақиятҳои шоён ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархурдор мебошад. ҶТ ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Чин риштаҳои дӯстиро бо ин кишвар таҳким намуда, аз дастовардҳои бузурги ин давлат ифтихор менамояд. Кишварҳои моро анъанаҳои дӯстиву ҳамсоягӣ, ки аз қарнҳо маншаъ мегиранд, бо ҳам мепайванданд. Баъди ба даст овардани истиқлолият миёни Тоҷикистону Чин шароити бештари ҳамкорӣ фароҳам омада, робитаҳо миёни ду кишвар рушду густариш меёбанд. Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин доимо ҷонибдор аст»,- иқтибос овард Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номаи табрикотии Ҷаноби олӣ.
Дар чорабинии идона барои меҳмонон шеърҳои тоҷикиву чинӣ қироат шуданд. Гулдухтарони тоҷику чинӣ рақси анъанавии чинии «Бао Ҷай»-ро ба ҳозирин пешкаш намуданд. Акробатдухтарони чинии Тянтзин ҳунари худро намоиш дода, ҳунармандон бо асбобҳои мусиқавии тоҷикиву чинӣ табъи меҳмононро болида сохтанд.
Дар барномаи консертӣ инчунин хонандагони гимназияи «Кафолат»-и пойтахт, дастпарварони Федератсияи Ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи мусиқии назди Донишгоҳи педагогии Синзян ва дастаи ҳунарии «Наврӯз»-и ДМТ ҳунарнамоӣ карданд.
Барномаи консертӣ ба ҳамаи меҳмонон табъи болида бахшид.

Душанбе, 23.02.2015. АМИТ «Ховар»